эй бардаи ихтиёрами ту ихтиёри мое

Ман шохи заъфаронами ту лолаи зори мое

Гуфтам ғамати марои кишти гуфто чаҳ Зуҳра дорад

Ғами ин қадар надонад кохри ту ёри мое

Ман боғу бӯстонами сўзидаҳи хазонам

Боғ маро бихандон кохри баҳори мое

Гуфтои ту чанги моеу андари таранги мое

Пас чист зории ту чун дар канори мое

Гуфтам з ҳар хаёлии дард сараст мо ро

Гуфтои бабри сарашро ту зулфиқори мое

Сарро гирифта будам яъне ки дар хуморам

Гуфт ар чаҳ дар хумории не дар хумори мое

Гуфтам чу чархи гардони валлоҳ ки бе қарорам

Гуфт ар чаҳ бе қарории не бе қарори мое

Шакарлабаш бигуфтам лабро гузид яъне

Он розро ниҳон кун чун роздори мое

эй булбули саҳаргаҳи моро бипурс гуҳи гуҳ

Охири ту ҳам ғарибии ҳам аз диёри мое

Ту мурғи осмонии неи мурғи хокдонӣ

Ту сайди он ҷаҳонии вази марғзори мое

Аз хеш нест гашта ваз дӯст ҳаст гашта

Ту нури кирдигорӣ ё кирдигори мое

Аз обу гули бзодӣ дар оташӣ фитодӣ

Суду зиёни яке дон чун дар қимори мое

Ин ҷо дуӣ нагунҷад ин мо ва ту чаҳ бошад

Ин ҳар дуро яке дон чун дар шумори мое

Хомӯш кун ки дорад ҳар нуктаи ту ҷонӣ

Мспори ҷон ба ҳар кас чун ҷон сипор мое