Он дам ки дил кунад сӯии дилбари ишоратӣ

Зон сар расад ба бесару босари ишоратӣ

Зон ранги ишоратӣ ки ба рӯзи аласт буд

Комд ба ҷони муъмину кофари ишоратӣ

Зеро ки қаҳру лутф каз он баҳри дррсид

Бар санг ишоратӣаст ва ба гавҳари ишоратӣ

Бар санг ишоратӣаст ки бар ҳол хеш бош

Бар гавҳараст ҳар дами дигари ишоратӣ

Бар санг карда нақшӣ ва он нақши банд ӯ аст

Ҳар лаҳзаи сӯии нақши зи озри ишоратӣ

Чун дар гуҳар расед ишорат гудохт ӯ

Аҳсанти офарин чаҳ мунаввари ишоратӣ

Баъд аз гудоз кард гуҳари сад ҳазор ҷӯш

Чун мерасед аз туфи озари ишоратӣ

Ҷӯшеду баҳри гашту ҷаҳон дар ҷаҳон гирифт

Чун омадаш зи эзади Акбари ишоратӣ

Моро ишоратӣаст зи табризу шамси дайн

Чун ташнаро зи чашмаи кавсари ишоратӣ