Ҳар рӯзи бомдоди талабкори мо тӯй
Мо хўобноку давлати бедори мо тӯй
Ҳар рӯз зон барории моро зи касбу кор
Зеро дукону мксбаҳу кори мо тӯй
Дукон чаро рӯем ки кону дукони тӯй
Бозор чун рӯем ки бозори мо тӯй
Зон дилхушему шод ки ҷони бахши мо тӯй
Зон сархушему маст ки дастори мо тӯй
Мо хумра кӣ наҳем пар аз сим чун бахил
Мо хумра башиканем чу хумори мо тӯй
Тӯтии ғизои шудем ки ту кони шукрӣ
Булбули навои шудем ки гулзори мо тӯй
Зон ҳамчу гулшанем ки дории ту сад баҳор
Зон сина равшанем ки дилдори мо тӯй
Дар баҳри ту зи киштӣ бедаст ва потирем
Овозу рақсу ҷунбишу рафтори мо тӯй
Ҳар чорагар ки ҳаст на сармоя дор туаст
Аз ҷумла чора бошад ночори мо тӯй
Дилро ҳар онч буд аз онҳо дилаш гирифт
То гуфтае ба дил ки гирифтори мо тӯй
Гуҳи гуҳ гумон барем ки ин ҷумлаи феъли мост
Ин ҳам з туаст мояи пиндори мо тӯй
Чизе наме кашем ки моро ту май кашӣ
Чизе намехарем харидори мо тӯй
Аз гуфт тавба кардам эй шаҳ гувоҳ бош
Бегуфту нолаи олами асрори мо тӯй
эй шамси ҳақи муфаххари табризи шамси дайн
Худ офтоби гунбади даввори мо тӯй