Ба хоки пои ту эй ма ҳар он шабӣ ки битобӣ
Ба ҷои умри азизӣ чу умри мо нштобӣ
Чу шаби равони ҳавасро ту чашмӣ ва ту чароғӣ
Мусофирони фалакро ту оташӣ ва ту обӣ
Дар ин манозили гардун дар ин тавофи ҳумоюн
Гар аз қазои маи моро ба иттифоқ биёбӣ
Агар чаҳ рӯҳ ҷаҳонасту рӯҳ сӯй надорад
Савоб кун сӯй ӯ рӯ агар чаҳ ғарқи савобӣ
Бигӯ ба тести паёмӣ агар чаҳ ҳозири ҷонӣ
Ҷавоби даҳ ба ҳақи онки баси латифи ҷавобӣ
Ҳазор муҳраи рабӯдӣ ҳануз аввал бозӣаст
Ҳазор парда даридӣ ҳануз зери ниқобӣ
Чаҳ нолаҳост ниҳон ва чаҳ захмҳост дилам ро
Зиҳии рубоби дили ман ба даст чун ту рубобӣ
Дилами туро чу рубобии танами туро чу харобӣ
Рубоб май зан ва май гирди масти гирди харобӣ
Ҳамаи зи ҷоми ту мустанад ҳар яке зи шаробӣ
зи ҷом хеш напурсӣ ки маст аз чаҳ шаробӣ
Куҷост соҳили дарё дило ки ҳар дами ғарқӣ
Куҷост оташи ғайбӣ ки лаҳзаи лаҳзаи кабобӣ