Чаҳ бода буд ки дар давр аз бгаҳ додӣ

Ки май шикофади даври замона аз шодӣ

Набӯд бода ба ҷони ту рости гӯ ки чаҳ буд

Баҳона рост макун каж магӯ ба устодӣ

Чаҳ рост май талабӣ эй дили салим аз ӯ

Ки рост нест ба ҷузи қад ӯ дар ин водӣ

Ту рост бош чу тиру ҳарифи каж чу камон

Чу тири зиҳ ба даҳони гир чун дарафтодӣ

Азонки ростии ту ғуломи он кажӣ аст

Агар ту тирии баҳри камони кажи зодӣ

Биор бор дигар то бубинами он чаҳ ми аст

Ки ҷони орифи мастӣу хасми зӯҳҳодӣ

Накӯ надидам он бори сахт ташна бидам

Биор бор дигар чун мутӣъу мнқодӣ

Наме Фрибмти ин як биору дигари бас

Кӣ бо ту ҳила кунад ҳиларо ту бунёдӣ

Фиребу ишваи ту талқин кунӣ ду олам ро

Вале марои маддии даҳ чу хнб бикшодӣ

Чу ҷамъ рӯза кушоданд хикро бомбанд

Ки айшро ту арӯсӣ ва ҳам ту домодӣ

Агар ба хӯк аз он хики ҷуръае бидиҳӣ

Ба пеш хӯк кунад шери чархи оҳодӣ

Чу номи бода барам он тӯйу оташи ту

Вагар ғарив кунам дар миёни фарёдӣ

Чунон нае ту ки бо ту дигар касе гунҷад

Вале зи рашки лақабҳои турфа биниҳодӣ

Гуҳии сабуу гуҳии ҷому гуҳи ҳалолу ҳаром

Ҳамаи тӯй ки гуҳии маҳдеу гуҳи ҳодӣ

Ба нури рифъати моҳӣ ба лутф чун гулзор

Вале чу сарв ва чу сӯсани з ҳар ду озодӣ

Вале чу эй ҳама гӯям ндондти аҷзо

Ки фард ҷузв надонад ба ғайри афроде

Мисли ба ҷузви занам то ки ҷузв майл кунад

Чу майл кард кшониши ту ба ободӣ

Биор муфаххари табризи шамси табризӣ

Мисоли асл ки асли вуҷӯду эҷодӣ