Биёи биё ки наёбӣ чу мо дигар ёрӣ

Чу мо ба ҳар ду ҷаҳон худ куҷост дилдорӣ

Биёи биё ва ба ҳар сӯй рӯзгор мабар

Ки нест нақди туро пеши ғайри бозорӣ

Ту ҳамчуи водии хушкӣ ва мо чу боронӣ

Ту ҳамчуи шаҳри харобӣ ва мо чу меъморӣ

Ба ғайри хизмати мо ки мшорқ шодӣаст

Надид халқ ва набинад зи шодии осорӣ

Ҳазор сӯрати ҷунбон ба хоб май бинӣ

Чу хоб рафт набинӣ зи халқи диёрӣ

Бабанд чашми хару бргшои чашми хирад

Ки нафаси ҳамчу хар афтоду ҳирси афсорӣ

зи боғи ишқ талаб кун ақидаи ширин

Ки табъ сирка фурушасту ғӯраи Афшорӣ

Биё ба ҷониби дорушшифои холиқи хеш

Каз он табиб надорад гурези беморӣ

Ҷаҳони мисоли тан бе сараст бе он шоҳ

Бипеч гирди чунон сари мисоли дасторӣ

Агар сиёҳ нае оинаи мада аз даст

Ки рӯҳ оина туасту ҷисми зангорӣ

Куҷост тоҷири масъӯди муштарии толеъ

Ки гармдор маниш бошаму харидорӣ

Биёу фикрат ман кун ки Фкртт додам

Чу лаъл май харӣ аз кони ман бихари борӣ

Ба пои ҷониби он кас бирав ки поят дод

Бадви нигар ба ду дида ки дод дидорӣ

Ду каф ба шодӣ ӯ зан ки кафи з баҳр вайаст

Ки нест шодӣ ӯро ғамӣу тиморӣ

Ту бе зи гӯши шинав безабон бигӯ бо ӯ

Ки нест гуфт забон бехилофу озорӣ