Ба ҳиялати ту хоҳӣ ки дарро бабандӣ
Бинолӣ чу ранҷуру сарро бабандӣ
Чу ранҷури валлоҳ ки он зӯри дорӣ
Ки бар чархи оеи қамарро бабандӣ
Гар он рӯй чун ма ба гардуни намое
Ба субҳи ҷамолати саҳарро бабандӣ
Ғуломи сабӯҳам вале хасми субҳам
Ки аз баҳр рафтани камарро бабандӣ
Агар гови оранди пешати сафеҳон
Ба як нуктаи сад гову харро бабандӣ
Ба як ғамзаи оҳӯони ду чашмат
Чу рӯбаҳ кунӣ шери нарро бабандӣ
Зимистон ҳиҷр омад ва тарсам онаст
Ки сайлоби ин чашмтарро бабандӣ
Вагар ҳамчуи хуршед ногуҳ битобӣ
Бад-ӣни об ҳар раҳгузарро бабандӣ
Хамӯшам валикин раво нест ҷоно
Ки аз ҳоли зорами назарро бабандӣ