Рубоб машраб ишқасту мӯниси асҳоб

Ки абрро арабон ном кардаанд рубоб

Чнонки абри саққои гул ва гулистонаст

Рубоб қӯт замирасту соқии албоб

Дар оташӣ бидамӣ шуъла ҳо барафрӯзад

Биҷуз ғубор нахезад чу дрдмӣ ба туроб

Рубоб даъват бозаст сӯии шаҳи бозо

Ба табл боз наёяд ба сӯии шоҳи ғроб

Гушоиши гиреҳ мушкилот ушшоқаст

Чу мушкиляш набошад чаҳ дархураст ҷавоб

Ҷавоби мушкили ҳайвон гиёҳ омаду коҳ

Ки тухми шаҳват ӯ шуд хамирмояи хоб

Хар аз куҷоу дами ишқи исавии зи куҷо

Ки ин кушоди надодаши муфаттиҳи алобўоб

Ки ишқ халъат ҷонасту тавқи крмно

Барои малики висол ва барои рафъи ҳиҷоб

Ба бонг ӯ ҳамаи дилҳо ба як муҳим оянд

Нидоӣ раб барраанд зи тафриқаи арбоб

зи ишқ кам гӯ бо ҷисмён ки эшон ро

Вазифаи хавф ва раҷо омад аз савобу уқоб