Султони манӣ султони манӣ

Ва андари дилу ҷони имони манӣ

Дар ман бидамӣ ман зинда шавам

Як ҷон чаҳ буд сад ҷони манӣ

Нон бе ту маро заҳраст на нон

Ҳам оби манӣ ҳам нони манӣ

Заҳр аз ту маро позҳр шавад

Қанду шукри арзони манӣ

Боғу чаману фирдавси манӣ

Сарву самани хандони манӣ

Ҳам шоҳи манӣ ҳам моҳи манӣ

Ҳам лаъли манӣ ҳам кони манӣ

Хомӯш шудам шарҳаш ту бигӯ

Зеро ба сухани бурҳони манӣ