Туро дар дилбарӣ дастӣ тамомаст

Маро дар бе дилии дарду сқомст

Биҷуз бо рӯй хубати ъшқбозӣ

Ҳаромаст ва ҳаромаст ва ҳаромаст

Ҳамаи фонӣ ва хон ваҳдати ту

Мудомаст ва мудомаст ва мудомаст

Чу чашм худ бимолам худ ҷузи ту

Кадомаст ва кадомаст ва кадомаст

Ҷаҳон бар рӯй ту аз баҳри рӯпӯш

Лсомсту лсомсту лсомст

Ба ҳар дам аз забони ишқ бар мо

Саломаст ва саломаст ва саломаст

з ҳар зарра ба гуфт бе забонӣ

Паёмаст ва паёмаст ва паёмаст

Ғаму шодии мо дар пеши тахтат

Ғуломаст ва ғуломаст ва ғуломаст

Агар чаҳ уштур ғам ҳаст гургин

Эмомаст ва эмомаст ва эмомаст

Пас он уштури шодии пуршер

Хтомсту хтомсту хтомст

Туро дар бинии ин ҳар ду уштур

Зимомаст ва зимомаст ва зимомаст

На он ширӣ ки охири Тифли ҷон ро

Фтомсту Фтомсту Фтомст

Аз он ширӣ ки ҷӯии хулд аз вай

Низомаст ва низомаст ва низомаст

Хамаш кардам ки ғайрат бар даҳонам

Лагомаст ва лагомаст ва лагомаст