Омад рамазону ид бо мост

Қуфл омад ва он калид бо мост

Барбаст даҳон ва дида бикшод

Ваон нур ки дида дид , бо мост

Омад рамазон ба хизмати дил

Ваон каш ки дили офарид бо мост

Дар рӯза агар падед шуд ранҷ

Ганҷи дили нопадид бо мост

Кардем зи рӯзаи ҷону дили пок

Ҳар чанд тани палид бо мост

Рӯза ба забон ҳол гуяд :

« кам шӯ ки ҳамаи мазид бо мост

Чун ҳаст салоҳи дайн дар ин ҷамъ

Мансуру абоизид бо мост »