Чун дилат бо ман набошад ҳамнишинӣ суд нест

Гарчи бо ман май нишинӣ чун чунинӣ суд нест

Чун даҳонат баста бошад дар ҷигари оташ буд

Дар миёни ҷӯи даройии оби бинӣ суд нест

Чўнк дар тан ҷон набошад сӯраташро завқ нест

Чун набошад нону неъмати саҳну синӣ суд нест

Гар замин аз машку анбар пар шавад то осмон

Чун набошад одамиро роҳи бинӣ суд нест

То зи оташ май гурезии туршу хомӣ чун хамир

Гар ҳазорон ёр ва дилбар мегузинӣ суд нест