Гар надид он шодҷони ин гулистонро шод чист

Гар на лутф ӯ буд пас айшро бунёд чист

Гар хароботи азал аз тоби рӯйиш пар нагашт

Пас ҳазорон савмиъа дар маҳви ҷон обод чист

Ҷони мо бо ишқ ӯгар неи зи як ҷо руста анд

Ҷони боиқболи мо бо ишқ ӯ ҳамзод чист

Гар на партавҳои он рухсор дод ҳасан дод

Пас ба девони сарои ошиқон бедод чист

Сокинони обу гулгар ишқи моро муҳарраманд

Пас даруни гунбади дили ғулғула ва фарёд чист

Гар на оташ мезанад оташи рухӣ дар ҷони ниҳон

Пас димоғи ошиқони пуроташ ва пурбод чист

Гар на оташи ранги гаштии ҷонҳо дар ломакон

Сад ҳазорон машъала ҳамчун шаб мелод чист

Гар на тақсираст аз ҷон дар фидои гаштан дар ӯ

Лутфи нақди аввалину ваъда ва меод чист

Гар на шамси аддӣни табризии Қубоди ҷон ҳо аст

Сад ҳазорон ҷони қудсӣ ҳар дамаш мнқод чист