Андари ин ҷамъи шарарҳо з куҷост
Дӯди савдои ҳунарҳо з куҷост
Ман сари риштаи худ гум кардам
Кин мухолиф шуда сарҳо з куҷост
Гар на дилҳои шумо мухталифанд
Дар ман аз ҷанги асарҳо з куҷост
Гар чу занҷир ба ҳам пайвастем
Ин фурӯбастан дарҳо з куҷост
Гар на сад мурғи мухолиф ин ҷост
Ҷангу бркнднпурҳо з куҷост
Соқиои бода ба пеши ор ки май
Худ бигӯед ки дигарҳо з куҷост
Ту агар ҷуръа нарезӣ бар хок
Хокро аз ту хабарҳо з куҷост