Ҳар ҷавр ки з ту ояд бар худ нуҳуми ғаромат
Ҷурми туро ва худро бар худ нуҳуми тамомат
эй моҳ рӯй аз ту сад ҷавр агар бияёд
Танро буд чу халъати ҷонро буд саломат
Ҳар каси зи ҷумлаи олам аз ту насиб доранд
Ишқ ту шуд насибами аҳсант эй каромат
Гуҳи ҷом маст гардад аз лиззат май ту
Гуҳ май ба ҷӯш ояд аз чошнии ҷомат
Маънӣ ба саҷда ояд чун сӯрат ту бинад
Ҳар ҳарфи рақси орад чун башнавад каломат
Ошиқ чу масттар шуд бар вай маломат ояд
Зеро ки нақл ин менабӯд ба ҷузи маломат