Имрӯзи рӯзи навбат дидор дилбараст
Имрӯзи рӯзи толеъ хуршед Акбараст
Даии ёри қҳрбораҳу хӯни хора буд лек
Имрӯзи лутфи мутлақ ва бечора парвараст
Аз ҳуру моҳу рӯҳу парии ҳеҷ дам мазан
Конҳо ба ӯ намонад ӯ чиз дигараст
Ҳар кас ки дид чеҳра ӯ нашуд хароб
ӯ одамӣ набошад ӯ санг мармараст
Ҳар муъминӣ ки зи оташ ӯ бохабар буд
Дар чашми содиқони раҳ ишқ кофараст
эй онки бодаҳои лабашро ту мункирӣ
Дар чашми ман нигар ки пар аз мечу соғараст
Зад ҳалқаи рӯҳи қудси ма ман бигуфт кист
Овоз дод ӯ ки камӣни банда бар дуруст
Гуфто ки бо ту кист бигуфт ӯ ки ишқи ту
Гуфто куҷоаст ишқ бигуфт андар ин бараст
эй симбр ба ман назарӣ кун закоти ҳасан
Кин чашми ман пар аз дару рухсор аз зараст
Гуфт аз шикоф дар ту ба ман дрнгр аз онк
Дастем бар дар ту ва дастем бар сараст
Гуфто ки зарраи зарраи ҷаҳон ошиқ мананд
Рӯи рӯ ки ин матоъ бар мо муҳақараст
Пеши ои ту шамси муфаххари табризи шоҳи ишқ
Кин қиссаи пуроташ аз ҳарф бартараст