Аз бомдод рӯй ту дидани ҳаёти мост
Имрӯз рӯй хуби ту ё раб чаҳ дилрабост
Имрӯз дар ҷамоли ту худ лутф дигараст
Имрӯз ҳар чаҳ ошиқ шайдо кунад сазост
Имрӯзи он касе ки маро дай бидод панд
Чун рӯй ту бидид зи ман узрҳо бхўост
Сад чашм вом хоҳам то дар ту бингарам
Ин вом аз кӣ хоҳам ва он чашми худ ки рост
Дар пеш буд давлати имрӯзи лоҷарам
Май ҷуст ва май тпиди дили бандаи рўзҳост
Аз ишқ шарм дорам агар гӯямаш башар
Май тарсам аз худоӣ ки гӯям ки ин худост
Абрӯам меҷаҳиду дили банда май тпид
Ин менамӯд рӯ ки чунин бахт дар қафост
Раққостар дарахт дар ин боғҳо манам
Зеро дарахти бахтаму андар серум сабост
Чун бошад он дарахт ки баргаш ту дода Эй
Чун бошад он ғариб ки ҳамсоя ҳумост
Дар зилли офтоби ту чархӣ ҳаме занем
Кӯрӣ онк гуяд зилл аз шаҷар ҷудост
Ҷон наъра мезанад ки зиҳии ишқи оташин
Коб ҳаёт дорад бо ту нишаст ва хост
Чун бугзарад хаёли ту дар кӯии сина ҳо
Пои бараҳнаи дил ба дар ояд ки ҷон куҷост
Рӯй замин чу нур бигирад зи моҳи ту
Гӯйии ҳазор Зуҳрау хуршед бар самост
Дар равзани дилам назарӣ кун чу офтоб
То осмон нагӯяд кони моҳ бе вафост
Қадам камон шуд аз ғам ва додам нишони каж
Бо ишқи ҳамчуи тирам инак нишони рост
Дар дили хаёли хиттаи табризи нақши баст
Кони хонаи иҷобату дил хона дуост