Навбати васл ва лақост навбати ҳашар ва бақост
Навбати лутф ва атост баҳри сафо дар сафост
Дарҷ ато шуд падеди ғарра дарё расед
Субҳ саодат дамид субҳ чаҳ нур худост
Сӯрат ва тасвир кист ин шаҳ ва ин мейр кист
Ин хирад пер кист ин ҳамаи рӯпӯш ҳост
Чораи рӯпӯш ҳо ҳаст чунин ҷӯш ҳо
Чашмаи ин нӯшҳо дар сар ва чашм шумост
Дар сари худ печ лек ҳаст шуморо ду сар
Ин сари хок аз замин ваон сари пок аз самост
эй баси сарҳои поки рехта дар пои хок
То ту бадоне ки сар зон сари дигар ба пост
Он сари аслии ниҳон ваон сари фаръии аён
Донки пас ин ҷаҳони олам бе мунтаҳост
Машк бабанд эй саққо май набарди хнби мо
Кӯзаи идрокҳо танг аз ин тангност
Аз сӯй табриз тофт шамси ҳақ ва гуфтамаш
Нури ту ҳам муттасил бо ҳама ва ҳам ҷудост