Хез ки имрӯзи ҷаҳони он мост

Ҷону ҷаҳони соқӣу меҳмони мост

Дар дил ва дар дидаи деву парӣ

Дабдабаи фари сулаймони мост

Рустами дастон ва ҳазорон чу ӯ

Бандау бозичаи дастони мост

Бас набӯд Мисри марои ин шараф

Ин ки шаҳаши Юсуфи канъони мост

Хез ки фармони даҳ ҷону ҷаҳон

Аз карами имрӯз ба фармони мост

Зуҳрау маи дФи зани шодии мост

Булбули ҷони масти гулистони мост

Косаи арзоқи паёпай шудаи сет

Кӣсаи иқболи ҳрмдони мост

Шоҳи шаҳии бахши тараби сози мост

Ёри парӣ рӯй парӣ хон мост

Он малики муфаххари чавгону гӯй

Шукр ки имрӯз ба майдони мост

Он малики мамлакати ҷону дил

Дар дил ва дар ҷони парешони мост

Кист дар он гӯша ӣ дил тан зада

Пеши кашиши кӯи шкрстони мост

Хозини ризвон ки маи ҷинати сет

Масти ризои дили ризвони мост

Шӯри дроФкндаҳу пинҳон шуда

ӯ намаки умру намакдони мост

Гӯша гирифтасту ҷаҳон маст ӯст

ӯ Хизру чашмаи ҳайвони мост

Чун намаки дег ва чу ҷон дар бадан

Аз ҳамаи зоҳиртару пинҳони мост

Нест намоянда ва худ ҷумла ӯст

Худ ҳама моием чу ӯ он мост

Беш магӯ ҳуҷҷату бурҳон ки ишқ

Дар хмшии ҳуҷҷату бурҳони мост