Чашми ту ноз мекунад нози ҷаҳони туро расад
Ҳасану намаки туро буд ноз дигар киро расад
Чашми ту ноз мекунад лаъл ту дод ме диҳад
Куштану ҳашари бандагони лоҷарам аз худо расад
Чашм кашид ханҷарӣ лаъл намӯд шукрӣ
Бӯ ки миёни каши макаши ҳадя ба ошно расад
Салтанатасту сарварии хӯбӣу бандаи парварӣ
Ва онч бигуфт ноед он каз ту ба ҷон ато расад
Нутқ Уторидонаам мастӣ бекарона ам
Гар набӯд з хон ту ротбаҳ аз куҷо расад
Чарх суҷуд мекунад хирқа кабӯд ме кунад
Чархи занон чу суфиёни чўнки зи ту сало расад
Ҷузи ту Халифа худо кист бигӯ ба даври мо
Саҷда кунад малики туро чун малик аз само расад
Давлати хокёни нигар каз маликанд поктар
Парвариши ин чунин буд каз бар шоҳ мо расад
Сари макаш аз чунин сиррӣ кед тоҷ аз он сараш
Кибр макун бар он касе каз сӯй кибриё расад
Нақд аласт мерасад даст ба даст ме расад
Зуд бикун балии балӣ вар накунӣ бало расад
Ман ки харида ваем парда дарида ваем
Раг ба раги маро аз ӯ лутфи ҷудо ҷудо расад
Гар ба тамоми мстмии рози ғамаши бгФтмӣ
Гуфт тамом чун шукр зон маи хуш лақо расад