Дило назд касе биншин ки ӯ аз дил хабар дорад
Ба зери он дарахтии рӯ ки ӯ гулҳои тар дорад
Дар ин бозори атторони Марв ҳар сӯ чу бе корон
Ба дукон касе биншин ки дар дукон шукр дорад
Тарозугар надории пас туро зў раҳ занад ҳар кас
Яке қалбӣ биорояд ту пиндорӣ ки зар дорад
Туро бар дар нишонд ӯ ба таррорӣ ки ме ояд
Ту манишин мунтазир бар дар ки он хонаи ду дар дорад
Ба ҳар диягӣ ки меҷӯшад мёўри коса ва манишин
Ки ҳар диягӣ ки меҷӯшад даруни чизе дигар дорад
На ҳар калакӣ шукр дорад на ҳар зерӣ зибр дорад
На ҳар чашмӣ назар дорад на ҳар баҳрӣ гуҳар дорад
Бинол эй булбули дастони азирои нолаи мисатон
Миёни сахрау хоро асар дорад асар дорад
Бунаи саргар наме ганҷӣ ки андари чашмаи сӯзан
Агар ришта намегунҷад аз он бошад ки сар дорад
Чароғаст ин дили бедор ба зери доманаш май дор
Аз ин бод ва ҳаво бигузар ҳавояши шӯр ва шар дорад
Чу ту аз бод бигузаштӣ муқӣми чашмае гаштӣ
Ҳарифи ҳамдамии гаштӣ ки обӣ бар ҷигар дорад
Чу обат бар ҷигар бошад дарахти сабзро Монӣ
Ки мива нав диҳад доими даруни дил сафар дорад