Буруни шӯ эй ғам аз сина , ки лутф ёр ме ояд

Ту ҳам эй дили зи ман гуми шӯ , ки он дилдор ме ояд

Нагӯям ёрро шодӣ ки аз шодӣ гузаштаст ӯ

Маро аз фарти ишқ ӯ , зи шодӣ ор ме ояд

Мусулмонони мусулмонон , мусулмонии з сар гиред

Ки куфр аз шарми ёри ман , мусулмон вор ме ояд

Бирав эй шукр кин неъмат , зи ҳади шукр берун шуд

Нахоҳам сабр гарчи ӯ , гуҳии ҳам кор ме ояд

Равед эй ҷумлаи сӯратҳо , ки сӯратҳои нав омад

Илмҳоатон нигун гардад , ки он бисёр ме ояд

Дару девори ин сина , ҳамеи дарди зи анбӯҳӣ

Ки андар дар намегунҷад , пас аз девор ме ояд