Онро ки даруни дили ишқ ва талабӣ бошад

Чун дил накушояд дар онро сабабӣ бошад

Рӯ бар дар дил биншин кони дилбари пинҳонӣ

Вақт саҳарӣ ояд ё ним шабӣ бошад

Ҷонӣ ки ҷудо гардад ҷӯёӣ худо гардад

ӯ нодарра Эй бошад ӯ бўолъҷбӣ бошад

Он дида каз ин айвони айвон дигар бинад

Соҳиб назарӣ бошад ширин лақабӣ бошад

Он кас ки чунин бошад бо рӯҳ қарин бошад

Дар соъати ҷон додан ӯро тарабӣ бошад

Поиш чу ба санг ояд даряш ба чанг ояд

Ҷонаш чу ба лаб ояд бо қндлбӣ бошад

Чун тоҷи мулӯкоташ дар чашм наме ояд

ӯ бепадару модари олӣ нисбӣ бошад

Хомӯш кун ва ҳар ҷо асрор макун пайдо

Дар ҷамъи сабки рӯҳони ҳам бўлҳбӣ бошад