Нони пораи зи ман бустони ҷон пора нахоҳад шуд

Овораи ишқи мо овора нахоҳад шуд

Онро ки манам хирқа урён нашавад ҳаргиз

Ваонро ки манам чора бечора нахоҳад шуд

Онро ки манам мансаби маъзул куҷо гардад

Он хора ки шуд гавҳар ӯ хора нахоҳад шуд

Он қиблаи муштоқон вайрон нашавад ҳаргиз

Ваон мусҳафи хомӯшони сӣ пора нахоҳад шуд

Аз ашк шавад соқии ин дидаи ман лекин

Бе наргиси махмураш хумора нахоҳад шуд

Бемор шавад ошиқ аммо бнмӣ мерад

Моҳ ар чаҳ ки лоғар шуд астораҳ нахоҳад шуд

Хомӯш куну чандин ғмхўораҳ машав охир

Он нафас ки шуд ошиқ аммора нахоҳад шуд