Бигузашт маи рӯза ид омад ва ид омад

Бигузашт шаби ҳиҷрони маъшӯқ падед омад

Он субҳ чу содиқ шуд узрои ту Вомиқ шуд

Маъшӯқи ту ошиқ шуд шайхи ту мурӣд омад

Шуд ҷанг ва назар омад шуд заҳр ва шукр омад

Шуд санг ва гуҳар омад шуд қуфл ва калид омад

Ҷон аз тани олӯдаи ҳам пок ба покӣ рафт

Ҳар чанд чу хуршедӣ бар пок ва палид омад

Аз лиззати ҷоми ту дил монад ба доми ту

Ҷон низ чу воқиф шуд ӯ низ давид омад

Баси тавбаи шоиста бар санги ту бишкаста

Баси зоҳиду баси обиди кӯ хирқа дарид омад

Боғ аз даии номаҳрами се моҳ намезад дам

Бар буии баҳори ту аз ғайб дамид омад