Ид омад ва ид омад ваон бахт Саид омад

Баргиру дуҳул май зани кони моҳ падед омад

Ид омад эй маҷнӯни ғулғули шинав аз гардун

Кони муътамади сидра аз арш Маҷид омад

Ид омад раҳи ҷӯёни рақсону ғазали гӯйон

Кони қайсари маи рӯйон зон қаср машйад омад

Сад маъдани доноӣ маҷнӯн шуду савдое

Кони хӯбӣу зебоӣ бе мисли ва надид омад

Зон қудрати пайвасташи Довӯди набии масташ

То мум кунад дасташгар санг ва ҳадид омад

Ид омад ва мо бе ӯ идем биё то мо

Бар ид занем ин дам кон хон ва срид омад

Зўи заҳр шукр гардад зўи абр қамар гардад

Зўи тоза ва тар гардад ҳар ҷо ки қадед омад

Бархез ба майдони рӯ дар ҳалқаи риндони рӯ

Рӯи ҷониби меҳмони рӯ каз роҳ баъӣд омад

Ғамҳоаш ҳамаи шодии бандаши ҳамаи озодӣ

Як дона бадв додӣ сад боғ мазид омад

Ман бандаи он шарқам дар неъмати он ғарқам

Ҷузи неъмати пок ӯ манҳус ва палид омад

Барбанд лабу тани зан чун ғунча ва чун сӯсан

Рӯ сабр кун аз гуфтан чун сабр калид омад