Чу девами ошиқи он як парӣ шуд
зи деви хештани як сар барӣ шуд
Чу ногоҳон бидидаш ҳамчуи барқӣ
Бурун парид ақлашро сиррӣ шуд
Дар ангушти парии меҳри сулаймон
Чу дид он ҷону дил дар чокарӣ шуд
Чу сари чокарӣ ишқ дарёфт
Фарози ҳафт чарх меҳтарӣ шуд
Чу лаб тар кард ӯ аз ҷоми ишқаш
Бидон хушкии лаб ӯ аз тарӣ шуд
Чу шуд ӯ муштарии ишқи ҷинӣ
Каминаи бандагонаш муштарӣ шуд
Чу говӣ буд беҷону забони дев
Бидод ҷону ишқаш сомрӣ шуд
Ҳамаи ҷавру ҷафоу меҳнати ишқ
Бар ӯ ширин чу меҳр модарӣ шуд
Магари дарди фироқу ҷаври ҳиҷрон
Ки тоб он набӯдаш зон барӣ шуд
зи дасти ҳиҷр ӯ то пеши махдум
Ки шамс аддӣнаст баҳр доварӣ шуд
Чу дев омад ба пешаш хок бӯсед
Аз оташ бо млоик ҳампарӣ шуд
Аз он мастӣ ба табризаст гардон
Ки аз ҷонаши ҳавоӣ кофарӣ шуд