Он каз даҳани ту ранг дорад
Инсоф ки ризқ танг дорад
Ваон кас ки ҷадал бибаст бо ту
Бо умри азиз ҷанг дорад
Моҳӣ ки бёФти оби ҳайвон
Бар хушк чаро диранг дорад
Дар оинаи акси қайсари рӯм
Гар нест бдонк занг дорад
Дар қудси дилат чу хӯк дидӣ
Малик қадаст фаранг дорад
Моро боринигор хуши қавл
Андар бар худ чу чанг дорад
Зон захма ӯ ҳамеша ин чанг
Пас тани тану бас таранг дорад
Ҳар зарра ки пои кӯфт бо мо
Аз машриқи чарх нанг дорад
Ҳар ҷон ки дар ин равиши блнгд
Ҷони ту ки узр ланг дорад
Зеро кин баҳр бас Каримаст
Он нест ки ӯ наҳанг дорад
Саги табъ касе ки бо чунин шер
ӯ саркашӣ паланг дорад
Сангини ҷонӣ ки бо чунин лаъл
Савдои кулӯх ва санг дорад
Хомаш кун ва ҷоҳ гуфт кам ҷӯй
Кин ҷоҳи мизоҷ банг дорад