Хуш бош ки ҳар ки роз донад
Донад ки хушӣ хушӣ кашонад
Ширин чу шукр ту бош шокир
Шокир ҳар дам шукр сетанд
Шукр аз шукраст остини пар
То бар сар шокирон фишонд
Талхаш чу банушӣу бихандӣ
Дар зоти ту талхе намонад
Гӯйӣ ки чигунаам хушами ман
Гӯям туршам дилат бимонад
Гуяд ки ниҳон макун валикин
Дар гӯшами гӯ ки кас надонад
Дар гӯши ту ҳалқа вафо нест
Гӯши ту ба гӯшҳо расонад