Ҳар сина ки симбр надорад
Шахсе бошад ки сар надорад
Ваон кас ки зи дом ишқ давраст
Мурғӣ бошад ки пар надорад
ӯро чаҳ хабар буд зи олам
Каз бохабарон хабар надорад
ӯ сайд шавад ба тири ғамза
Каз ишқи сар сипар надорад
Онро ки далер нест дар роҳ
Худ пиндорӣ ҷигар надорад
Дар роҳ фикандааст дарӣ
Ҷуз ӯ ки фиканд барнадорад
Он кас ки нагашт гирди он дар
Бас бе гуҳараст ва фар надорад
Вақт саҳараст ҳин бхсбид
Зеро шаби мо саҳар надорад