Шоҳи мо аз ҷумлаи шоҳони пеш буд ва беш буд
Зонки шоҳаншоҳи мо ҳам шоҳ ва ҳам дарвеш буд
Шоҳи мо аз пардаи бурҷон чу худро ҷилва кард
Ҷони мо бехеш шуд зеро ки шаҳ бехеш буд
Шоҳи мо аз ҷони мо ҳам давр ва ҳам наздик буд
Ҷони мо бо шоҳи мо наздику дурандеш буд
Соф ӯ бедард буду роҳаташ бедард буд
Гулшан бехор буду нӯш ӯ бенеш буд
Як сифат аз лутфи шаҳи он ҷо ки парда барграфт
Обу оташ сулҳ карду гурги дояи мяш буд
Ҷон мутлақ шуд зи нураши сӯратии кӯ ҷон надошт
Гашти қурбони раҳаши он кас ки ӯ бдкиш буд
Нест май гуфтем андар ҳаст гуфт ореи биё
Ҳаст шуд олам аз ӯ мавқуфи як оряш буд