Охир бишунид он маи оҳи саҳари мо ро

То ҳашар дигар омад имшаби ҳашари мо ро

Чун чарх занад он ма дар сина ман гӯям

эй давр қамар бингар даври қамари мо ро

Кӯи рустами дастон то дастони бнмоиимш

Кӯи Юсуф то бинад хӯбӣу фари мо ро

Ту луқмаи ширини шӯ дар хизмати қанд ӯ

Луқма натавон кардани кони шукри мо ро

Моро карамаш хоҳад то дар бар худ гирад

Зин рӯй даво созад ҳар лаҳзагар мо ро

Чун бенамакӣ натавон хӯрдани ҷигари бирён

Май зан ба намак ҳар дами бирёни ҷигари мо ро

Бе пои тавофи орем бесар ба суҷуд ойем

Чун бесар ва по кард ӯ ин поу сари мо ро

Бе пои тавофи ореми гирд дар он шоҳӣ

Кӯи маст аласт омад бишикаст дар мо ро

Чун зар шуд ранги мо аз синаи симинаш

Сад ганҷи фидои бодои ин симу зари мо ро

Дар ранг куҷо ояд дар нақш куҷо гунҷад

Нурӣ ки малик созад ҷисми башари мо ро

Ташбеҳ надорад ӯ вази лутф раво дорад

Зеро ки ҳаме донад заъфи назари мо ро

Фармуд ки нури ман монандаи мисбоҳ аст

Машкот ва зҷоҷаҳ гуфт синау басари мо ро

Хомаш кун то ҳар кас дар гӯш наёрад ин

Худ кист ки дарёбад ӯ хайру шари мо ро