Хунаки он кас ки чу мо шуд ҳамагии лутф ва ризо шуд
з ҷафо расту зи ғуссаи ҳамаи шодӣ ва вафо шуд
зи тараб чун трбўн шуд хирад аз бода забун шуд
Гарави ишқ ва ҷунун шуд гуҳари баҳр сафо шуд
Мау хуршед назар шуд ки аз ӯ хок чу зар шуд
Ба карами баҳр гуҳар шуд ба равиши бод сабо шуд
Чу шаҳ ишқ кашидаш зи ҳама халқ буридаш
Назар ишқ гузидаш ҳамаи ҳоҷот раво шуд
Ба сафар чун маи гардун ба шаби чордаҳ пар шуд
Ба назарҳои илоҳӣ ба яке лаҳза куҷо шуд
Чу замин буд фалак шуд ҳамагии ҳасан ва намак шуд
Башарӣ буд малик шуд магасӣ буд ҳумо шуд