Ба миёни дили хаёли ма длгшо даромад
Чу на роҳ буду не дар аҷаб аз куҷо даромад
Буту бути парасту муъмини ҳама дар суҷуди рафтанд
Чу бидон ҷамолу хӯбии бути хуш лақо даромад
Дили оҳанам чу оташ чаҳ хушаст дар минораш
На ки оина шавад хуш чу дар ӯ сафо даромад
Ба чаҳ навъ шукр гӯям ки шкрстони шукрам
з дар ҷафо бурун шуд з дар вафо даромад
Ҳамаи ҷаврҳо вафо шуд ҳамаи тирагӣ сафо шуд
Сифати башар фано шуд сифат худо даромад
Ҳамаи нақшҳо бурун шуд ҳамаи баҳр обгун шуд
Ҳамаи кибриё бурун шуд ҳама кибриё даромад
Ҳамаи хонаҳо ки омад дар он ба сӯии дарё
Чу фузуд мавҷи дарёи ҳамаи хона ҳо даромад
Ҳамаи хонаҳо яке шуд ду мубин ба об бингар
Ки ҷудо наянд агар чаҳ ки ҷудо ҷудо даромад
Ҳамаи кӯза ҳо биёред ҳамаи хнб ҳо бишуед
Ки расед оби ҳайвон ва чунин саққо даромад