Бози ширӣ бо шукр омехтанд

Ошиқон бо ҳамдигар омехтанд

Рӯзу шабро аз миён бардоштанд

Офтобӣ бо қамар омехтанд

Ранги маъшӯқону ранги ошиқон

Ҷумла ҳамчун сим ва зар омехтанд

Чун баҳори сармадӣ ҳақ расед

Шохи хушку шох тар омехтанд

Рофизии ангушт дар дандон гирифт

Ҳам алӣ ва ҳам умр омехтанд

Бар яке тахтанд ин дам ҳар ду шоҳ

Блаки худ дар як камар омехтанд

Ҳам шаби қадар ошкоро шуд чу ид

Ҳам фиришта бо башар омехтанд

Ҳам забон ҳамдигар омухтанд

Бе нФўри ин ду нафар омехтанд

Нафаси кул ва ҳар чаҳ зод аз нафаси кул

Ҳамчуи Тифлон бо падар омехтанд

Хайру шару хушк ватар зон ҳаст шуд

Каз табиати хайр ва шар омехтанд

Ман даҳони бастами ту боқиро бидон

Кин назар бо он назар омехтанд

Баҳри нури шамси табризии танам

Шамъи вораш бо шарар омехтанд