Ҳар чаҳ он хусрав кунад ширин кунад
Чун дарахти тин ки ҷумла тин кунад
Ҳар куҷо хутба бихонад бар ду зид
Ҳамчуи шеру шаҳдашон кобӣн кунад
Бо дам ӯ меравад айни алҳаёт
Мурда ҷон ёбад чу ӯ талқин кунад
Мурғи ҷонҳо бо қафасҳо брпрнд
Чўнки бандаи парварӣ ойин кунад
Олимӣ бахшад ба ҳар бандаи ҷудо
Кист кӯи андари ду олам ин кунад
Гар ба қаъри чоҳи ном ӯ барӣ
Қаър чаҳро садр алӣин кунад
Ман бар онам ки шикаррезӣ кунам
Аз шукргар қисми ман таъйин кунад
Кофаригар лофи ишқ ӯ занад
Куфр ӯро ҷумлаи нур дайн кунад
Хори олам дар раҳи ошиқи ниҳод
То ки ҷумлаи хорро насрин кунад
Ту наме доне ки ҳар ки мурғ ӯст
Аз саодати байзаҳо заррин кунад
Бас кунам зини пас ниҳон гӯям дуо
Кӣ ниҳон монад чу шаҳ омин кунад