Расед соқии ҷони мо хумор хоб олуд

Гирифт соғари заррини сар сабу багушӯд

Салои бодаи ҷону салои ратли гарон

Ки медиҳад ба хуморон ба гоҳи зўдозўд

Зиҳии сабоҳи мубораки зиҳии сабӯҳи азиз

зи шоҳи ҷоми шаробу зи мо рукӯъу суҷуд

Шароби софӣу султони надиму давлати ёр

Дигар наёрам гуфтан ки дар миёна чаҳ буд

Ҳар онк менахурд бар сараши Фрўризд

Бгўидш ки бирав дар ҷаҳони кӯру кабӯд

Дар ин ҷаҳон ки дар ӯ мурда мехӯрд мурда

Нахурд оқилу носуд ва як дамӣ нағунуд

Чу пок дошт шикамро , расед бодаи пок

Зиҳии шаробу зиҳии ҷому базм ва гуфту шунӯд

Шаробро ту набинӣу мастро бинӣ

Набинӣ оташи дилроу хонаҳо пари дӯд

Дили хасон чу бисӯзад чаҳ буи бад ояд

Дили шаҳон чу бисӯзад фузуд анбару авд

набишта бар рух ҳар масти рӯ ки ҷони барадӣ

набишта бар лаби соғар ки оқибати Маҳмӯд

набишта бар дФи мутриб ки Зуҳраи бандаи ту

набишта бар кафи соқӣ ки толеъати масъӯд

Биханди Мӯсои умрон ба кӯрии фиръавн

Бихӯр халили худои нӯши кӯрии намруд

Блис агар зи шароби худои масти бадӣ

зи сад гунаҳ нашудӣ ҳеҷ тоъаташи мардӯд

Хамаш кунам ки хамаш ба ба пеши ҳушёрон

Ки халқ хира шуданду хаёлашони афзуд