Макун макун ки пушаймони шӯй ва бад бошад
Ки бе анояти ҷони боғ чун лаҳад бошад
Чаҳ решаи бркнӣ аз ғуссау пушаймонӣ
Чу риши ақли ту дар даст колбуд бошад
Бикун муҷоҳида бо нафасу ҷанги ришориш
Ки сулҳро зи чунин ҷангҳо мадд бошад
Вагар гурез кунӣ ҳамчуи оҳӯ аз кафи шер
зи ту гурезади он моҳ бар асад бошад
На гӯши ту сухани ёри меҳрбони шунӯд
На пеши чашми ту дилдор сарвқад бошад
Нишин ба киштии рӯҳ ва бигир домани Нӯҳ
Ба баҳри ишқ ки ҳар лаҳзаи ҷзр ва мад бошад
Гузари зи нозу малулӣ ки нози он ту нест
Ки он вазифаи он ёри моҳ хад бошад
Чаҳ зулм кардам бар ҳасан ӯ ки ма гуфтам
Сад офтобу фалакро бар ӯ ҳасад бошад
Хамӯш бош ва магӯ регро шумор макун
Шумор чун кунӣ онро ки беадад бошад