Ишқи ту масту каф занонам кард

Мастаму бихўдм чаҳ донам кард

Ғӯра будам кунун шудам ангур

Хештанро турш нтонм кард

Шаккаринаст ёри ҳалвое

Мушти ҳалво дар ин даҳонам кард

То кушод ӯ дукони ҳалвое

Хонаам барад ва бедуконам кард

Халқ гуяд чунон наме бояд

Ман набудам чунин чунонам кард

Авлои хами шикаст ва сирка бирехт

Навҳа кардам ки ӯ зиёнам кард

Сад хам май ба ҷои он як хам

Дархурам дод ва шодмонам кард

Дар танури балоу фитнаи хеш

Пухтау сурхи рӯ чу нонам кард

Чун Зулайхои з ғам шудам ман пер

Кард Юсуфи дуо ҷавонам кард

намепаридам зи даст ӯ чун тир

Даст дар ман зад ва камонам кард

Пар кунам шукри осмону замин

Чун замин будам осмонам кард

Аз раҳи каҳкашони гузашти дилам

Зон сӯии каҳкашон кшонм кард

Нардбонҳоу бом ҳо дидам

Фориғ аз бом ва нардбонам кард

Чун ҷаҳон пар шуд аз ҳикояти ман

Дар ҷаҳони ҳамчуи ҷон ниҳонам кард

Чун маро нарм ёфт ҳамчуи забон

Чун забони зуд тарҷумонам кард

Чун забони муттасил ба дил будам

Рози дили як ба як баёнам кард

Чун забонам гирифт хӯни резӣ

Ҳамчуи шамшер дар миёнам кард

Бас кун эй дил ки дар баён ноед

Он чаҳ он ёр меҳрбонам кард