Гар туро бахт ёр хоҳад буд

Ишқро бо ту кор хоҳад буд

Умр бе ошиқии мадон ба ҳисоб

Кони бурун аз шумор хоҳад буд

Ҳар замонӣ ки меравад бе ишқ

Пеши ҳақ шармсор хоҳад буд

Ҳар чаҳ андари ватани туро сабкаст

Соъати кӯч бор хоҳад буд

Бар ту ин дам ки дар ғами ишқӣ

Чун падар бурдбор хоҳад буд

Фақр каз ваии ту нанг май дорӣ

Он ҷаҳон ифтихор хоҳад буд

Талхии сабр агар гаулӯгир аст

Оқибат хушгувор хоҳад буд

Чун раҳад шери рӯҳ аз ин сандӯқ

Андари он марғзор хоҳад буд

Чун аз ин лошаи хар фурӯд ояд

Шоҳи дил шаҳсавор хоҳад буд

Домани ҷаҳду ҷадро бигушо

Каз фалаки зар нисор хоҳад буд

Ту ниҳон будӣ ва шудӣ пайдо

Ҳар ниҳон ошкор хоҳад буд

Ҳар кӣ худро накард хори имрӯз

Ҳамчуи фиръавн хор хоҳад буд

Ҳар ки чун гули зи оташ об нашуд

Андари оташ чу хор хоҳад буд

Чун шикор худо нашуд намруд

Пашшаеро шикор хоҳад буд

Ҳар ки аз нақди вақти басти назар

Сухрае интизор хоҳад буд

Ҳар киро ихтиёр кардаш ишқ

Маст ва беихтиёр хоҳад буд

Ҳар ки ӯ пасту маст ишқ нашуд

То абад дар хумор хоҳад буд

Ҳар киро меҳру меҳри ин дам нест

Уштурӣ бемаҳор хоҳад буд

Дар сар ҳар ки чашм ибрат нест

Хор ва беэътибор хоҳад буд

Бас кун ар чаҳ сухани нишонди ғубор

Охир аз вай ғубор хоҳад буд

Шамси табриз чун қарор гирифт

Дил аз ӯ беқарор хоҳад буд