Ҳар ки баҳри ту интизор кунад
Бахту иқболро шикор кунад
Баҳри борон чу кишт мунтазир аст
Синаро сабзу лола зор кунад
Баҳри хуршеди кон чу мунтазир аст
Сангро лаъл обдор кунад
Интизори адими баҳри Суҳайл
Андар ӯ сад ҳазор кор кунад
Оҳанӣ ки интизор сайқал кард
Рӯйро соф ва беғубор кунад
зи интизори расӯли теғи алӣ
Дар ғзои хеш зулфиқор кунад
Интизори ҷанини даруни раҳм
Нутфаро шоҳи хуш изор кунад
Интизори ҳубуби зери замин
Ҳар яке донаро ҳазор кунад
Асияи обро чу мунтазир аст
Сангро чуст ва беқарор кунад
Интизори қабули ваҳии худо
Чашмро чашм эътибор кунад
Интизори нисори баҳри карам
Синаро дарҷ дар чу нор кунад
Шираро интизор дар дили хам
Баҳри мағзи шаҳон ъқор кунад
Бе канори сети фазли мунтазири ш
Рондаро лоиқ канор кунад
То қиёмати тамом ҳам нашавад
Шарҳи он ки интизор ёр кунад
зи интизороти шамси табризӣ
Шамсу ноҳиду ма даввор кунад