Аз сӯии дили лашкар ҷон омаданд
Лашкари пайдо ва ниҳон омаданд
Ҷомаи сабри ман аз он чок шуд
Каз раҳи ҷони ҷома дарон омаданд
Чодари афкандаи арӯсони рӯҳ
Дар талаби шоҳ ҷаҳон омаданд
Бар мисли сайли хуш аз ломакон
Рақси кунони сӯй макон омаданд
Сӯрати дили сӯратҳоро шикаст
Прдгёни малик ситон омаданд
Ҳар чаҳ аён буд ниҳон омаданд
Ҳар чаҳ ниҳон буд аён омаданд
Ҳар чаҳ нишон дошт нишонаш намонад
Ҳар чаҳ нишон нест нишон омаданд