То кӣ эй дил дар ҳавои атласу дебои шӯй

Аз таъаллуқи даст агар шӯеи яди Байзои шӯй

Ҳамдами хуршед май хоҳӣ ки чун исои шӯй

Пушти пои зан дар ду олам то фалаки паймои шӯй

Аз сари дунёӣ дун бархез то раънои шӯй

Даъвӣӣ шоҳӣ кунад бар аҳли киштии нохудо

Кӯҳ кард об аз таманнои косаи худро ҷудо

Аз садаф бар мавҷи дарё ҳар дам ояд ин садо

Шуд ҳубоб аз худнамоеи гӯии чавгони фано

Саъй кун то дар муҳӣти ишқи нопидои шӯй

Муттако аз хирқа пашмина меояд ба ҳарф

Аждаҳо дар гӯша ганҷина меояд ба ҳарф

Мурғи дил аз рӯй доғ сина меояд ба ҳарф

Тӯтӣ аз хомӯшӣ ойина меояд ба ҳарф

Меҳри хомӯшӣ ба лаб на то ба дил гуё шӯй

Олам обаст дунё ва туе дунёи параст

Вақт он омад кунӣ дар киштӣ ваҳдат нишаст

Сар мапӣч аз саъии худ чун мавҷ агар ёбии шикаст

Ғӯр кун дар баҳр ҳастӣ то гуҳари оре ба даст

Вар на дасти тиҳӣ чун кафи азин дарёи шӯй

Соқио бар ман шаби васл ту бошад рӯзи ид

Чун қадаҳ барбастаам бар дасти худ чашми умед

Май рӯй майхонаи панди сидо бояд шунид

Бо ҳўснокон ба як паймона мебояд кашид

Саъй кун соиби шаҳиди теғи истиғнои шӯй