Шастагар амрад ки бошад зери дасташи баҳр ва бар

Ҳукм ӯ ҷорӣаст чун оби равон дар хушк ва тар

Баҳри шустушӯи шӯ агар по бар лаби дарё наад

Косаи худро садаф пар созад аз оби гуҳар

Рахт хӯн олуд худро баҳр шустан то барам

Кардаам бар дасти худ чун гули муҳайёи мушти зар

Хизматашро бар сар худ мекунам ҳамчун кднг

То дигар ӯро набошад ҳоҷати пардозгар

Сидо чун таҳтаи пеш рӯй ӯ истода ам

Аз дукони хештан ҳар чанд месозад ба дар