Чашмат ки балоӣ чашм оҳӯаст
Сайёди ситамгар ва ҷафо ҷӯаст
Дилҳо ҳамаи сайд ӯ ва ӯ ро
Тир аз мижа ва камонаш абрӯаст
Ҳар ғамза каз ӯ бадал нишинад
Пайкони бало ва тир ҷодӯаст
Дар хоб чу дид наргисаш гуфт
Бедор макун ки фитна аш хуаст
Чун нури ҳаёт ҷовдон ёфт
Ҳар кас ки шаҳид ғамза ӯст