Санам гуфтам дило ҷон тоза кардӣ
Мубораки бод , имон тоза кардӣ
Ба ковуш тез кардӣ нохуни ноз
Диламро ҷӯши афғон тоза кардӣ
На киштӣ ва на Нӯҳ , эй гиряи шавқ
Чаҳ бе ҳангомаи тӯфон тоза кардӣ
Парешоне мо гуфтӣ ба зулфат
Хами зулфи парешон тоза кардӣ
Марои киштии вкрдии олимии шод
Ҷаҳонро иди қурбон тоза кардӣ
Мучин зин беш бар хон неъмати лутф
Ки шарм рӯй меҳмон тоза кардӣ
Турогар барги дайни дорист , урфӣ
Ғалат кардӣ ки имон тоза кардӣ