Моро ба тараби мавъизату панд ҳаром аст

Бар аҳли муҳаббат дил хурсанд ҳаром аст

Дар мазҳаби мо ташнаи лабон , шарбати кавсар

Бе чошнии он лаб чун қанд , ҳаром аст

Носеҳ магушо лаб ки гунаҳ кор нагардӣ

Дар шаръ маломат задагон панд ҳаром аст

Дар орзӯии васл ки дар боғи муҳаббат

Чандини самари нахли барӯманд ҳаром аст

Дорам ҳавас дидани моҳӣ ки ба рӯйиш

Ғайр аз назари лутфи худованд ҳаром аст

Маҳрӯмии ёқӯб аз онаст ки багазед

Шаръӣ ки дар он дидани фарзанд ҳаром аст

ё раб чаҳ балоеаст ки дар мазҳаби хубон

Дашном ҳалоласту шикарханд ҳаром аст

Зиндонӣ ғам бош ки дар шаръи муҳаббат

Сайдӣ ки нашуд куштаи дарин банд ҳаром аст

Урфӣ буд аз майкада ӣ дарди қадаҳи нӯш

Он бода нанӯшад ки бигӯянд ҳаром аст