Бе боди ту обу гули мо ҳеҷ буд

Бе ишқи ту ҷону дили мо ҳеҷ буд

Аз зикри ту як нафас агар вомоним

Дар ҳар ду ҷаҳони ҳосили мо ҳеҷ буд