Ба сина хӯн шуд ва дилдор ғофиласт ҳануз

Ба ин гумон ки дили ман магар диласт ҳануз

Гузашт бар ман ва то боз бугзарад умрӣаст

Каз оби дида ӣ ман хок раҳ гуласт ҳануз

Ба даври ҷодуии чашм ӯ аҷаб дорам

Ки дар миёни сухан саҳар Бобуласт ҳануз

Ба лаби зи ҷавру ҷафои ту ҷону ҳайронам

Ба кори дил ки ба сӯй ту моиласт ҳануз

Ки гуфт мушкили ишқ аз сафар шавад осон

Ғариби мардуму тарк ту мушкиласт ҳануз

Сазад ки таъна девонагӣ занад бар ман

Касе ки рӯй ту дидааст ва оқиласт ҳануз

Рафиқи меҳри ту бо меҳри кас бадал накунад

Дўдл мабош ки ӯ бо ту икдлст ҳануз