Бо нола ва оҳ ҳамнишин бош

То мебошӣ дило чунин бош

Пайваста ба дард бош ҳамдам

Ҳамвора ба доғ ҳамнишин бош

Дармон талабӣ мабош бе дард

Шодӣ талабӣ бирав ғамин бош

Ҷӯӣ агар остони ҷонон

Нақди дилу ҷон дар остин бош

То зи оташ даврят насӯзанд

Бо дӯст чу мум ва ангабин бош

Шояд ки рисӣ ба ҷоӣии охир

Асби фурсат ба зер зин бош

Бошад ки кунӣ шикори айшӣ

Доими шабу рӯз дар камӣн бош

То кӣ чу занон ба фикри дунё

Гар марди раҳе ба фикр дайн бош

Зон пеш ки бнддти аҷали чашм

Чашмӣ бигушоу пеш байн бош

То гирди сарат фалак кунад тўФ

Дар пои фитода чун замин бош

Аз шеър , рафиқ ё мазан дам

ё шоири маънӣ офарин бош